Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт

Март 24, 2024 16:26

ДУШАНБЕ, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо паёмҳои табрикии Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Денис Френсис ва намояндаи ЮНЕСКО Лили Грей оғоз гардид.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат зимни суханронӣ ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, аз анъанаҳои таърихӣ ва расму оини ин ҷашни ниёгон, рисолати сулҳофарию созандагии он ва ҳамгироии одаму табиатро ёдоварӣ шуд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 24, 2024 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид