Дар деҳоти Фирӯзобаи Конибодом иди Наврӯзро бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифтанд

Март 25, 2024 17:00

СУҒД, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом тантанаҳои наврӯзиро бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд дар чорабинии наврӯзии деҳоти Фирӯзоба иштирок намуда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро табрик намуд.

Иброз гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рӯз шабу рӯз баробар гардида, табиат бедор мешавад ва гузаштагони мо онро такмили дунёи нав медонистанд.

Наврӯз ҳар сол ба сарзамини тоҷикон орзуҳои нав меорад. Ин ҷашни қадимаи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мазмуни тоза боз ҳам ғанитар гардидааст. Ин далели он аст, ки давлату Ҳукумати мо ба фарҳангу таърихи пурғановати миллати куҳанбунёдамон арҷ гузошта, барои пойдории истиқлолу озодӣ ва сарҷамъию муттаҳидӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Изҳори боварӣ шуд, ки сокинони шаҳри Конибодом аҳлона меҳнат намуда, ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Раиси вилоят растаҳои наврӯзиро, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандон, таомҳои миллии хоси Наврӯз ва дигар маҳсулот гузошта шуда буд, тамошо намуда, ба кӯдакону хурдсолон ва маъюбон туҳфаҳои идона супорид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Март 25, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад