Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки доираи васеи занону духтарони донишгоҳ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Озмун бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, инчунин ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухтани таомҳои миллӣ баргузор шуд.
Дар маҳфил иброз гардид, ки занону духтарони тоҷик посдорандаи анъанаҳои неки ниёгон ва кадбонуҳои моҳири замон мебошанд, ки ҳунари таомпазиро хуб доро буда, онро ба насли имрӯз мерос мемонанд.
Биё бар маҳфили кадбонуҳо, зебо ҳунар омӯз,
Ки ҳусни нав ҳунар бахшад ба боғи зиндагӣ ҳар рӯз.
Дар озмун занон-омӯзгорони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, аз тарафи ҳакамон — Раёсати донишгоҳ баҳои баландро соҳиб гардиданд.
Дар фарҷоми озмун дастаи духтарон бо сипосномаи Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Амид Комилбек сарфароз гардонида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев










Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






