Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд

Март 25, 2024 09:15

ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Озмун аз рӯйи се номинатсия: қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳнома», ҳифзи абёт ва шарҳу тавзеҳи порчаҳои азёднамуда ва навиштани иншои беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» байни донишҷӯёни соли 1-5 баргузор шуда, аз тарафи устодон баҳогузорӣ шуд.

Донишҷӯён дар озмун иштироки фаъолона намуда, ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Зимни ифтитоҳи озмун иброз гардид, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии донишҷӯён баргузор мешавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Март 25, 2024 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд