Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Ҳуқуқдони беҳтарин» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳии «Ҳуқуқдони беҳтарин» эълон менамояд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад.
Мақсад аз гузаронидани озмун баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, худшиносии ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён, тарбия намудани малакаҳои идоракунӣ дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён, донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда барои донишҷӯён ва риояи иҷрои онҳо, ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи амният ва ободии Ватан мебошад.
Озмун дар ду давр гузаронида шуда, даври якум аз 9 март дар факултетҳои донишгоҳ, даври дуюм моҳи апрел дар байни ғолибони факултетҳои донишгоҳ баргузор мегардад.
Озмун аз рӯйи шартҳои зерин: саволу ҷавоби шифоҳӣ, хаттӣ дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ,
муаррифии довталаб дар мавзуи «Ҳуқуқҳои ман», навиштани эссе дар мавзуи «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди маводи чопӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба тарғиби тарбияи ҳуқуқӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар ҷамъбасти озмун ғолибони 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм муайян шуда, бо ҷоизаи озмун, Диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






