Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд

Март 29, 2024 10:27

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Тоҷибекзода бо кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Зафар Тоҷибекзода хусусияти иҷтимоӣ доштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба Маҷлиси Олӣ баён дошта, оид ба пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳ шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳамчунин дар бораи ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи ҷавонон ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки ҳарчанд барои рушди ҷавонон дар ҷумҳурӣ тамоми шароит муҳайё аст, вале  паст будани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад. Ин ҷиҳатро мо дар самти иштироки баъзе ҳаммиллатони мо дар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мушоҳида менамоем.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар робита ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мардум соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ элон намуданд. Ин иқдом ҳар  шаҳрванди ҷумҳуриро вазифадор месозад, ки моҳияти Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро аз худ намояд ва барои таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ  саъю талош намояд.

«Надонистани қонун ва содир намудани ҷиноят шаҳрвандонро аз масъулият озод намекунад. Бинобар ин, хоҳ дар дохили ҷумҳурӣ ва хоҳ берун аз он ҷавонони моро зарур аст, ки ба ҳар кору рафтори худ баҳои ҳуқуқӣ дода тавонанд, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи созмонҳои динию мазҳабӣ, террористӣ, эктремистӣ ва дигар ҳаракатҳои ҷиноятпеша нагарданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат бояд барои баланд гардидани обрӯю эътибори мамлакат талош намоянд, на ин ки бо кирдори ҷоҳилона ва рафтори нодуруст ба шаъну эътибори худ ва миллати тоҷик иснод оваранд», — гуфт Зафар Тоҷибекзода.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Март 29, 2024 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд