Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон доир ба ҳифзи забони давлатӣ маҳфил доир шуд

Март 3, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили навбатии «Хирадманд» доир шуд, ки дар он намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим  Зулфониён дар мавзуи «Роҳҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.

Раҳим Зулфониён иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар яке аз ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд, ки барои устувор намудани пояҳои забони давлатӣ «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад.  Ҳоло ин барнома мавриди амал қарор дошта, дар рушди забони тоҷикӣ нақши бориз мегузорад.

Масъалаи дигаре, ки ба омӯзишу ҳифзи забони миллӣ ҳамрадиф аст, вазъи таълими забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Зеро ин масъала то замони истиқлол дар ҳама  соҳаҳои ҳаёт ва ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа хеле нигаронкунанда буд. Бо шарофати неъмати бебаҳои истиқлол ин вазъи барои миллату давлат ногувор маҷрояшро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйир дод. Яке аз ин самтҳо таълими ҷиддии забони тоҷикӣ ба сифати фанни ниҳоят муҳим ва тақвиятбахши рукнҳои давлати миллӣ дар тамоми риштаҳои ҳаёт, бахусус дар факултаҳои ғайрифилологии муассисаҳои олии таълимӣ мебошад.

Дар ҷамъомад оид ба вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди забони тоҷикӣ, таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар воситаҳои ахбори омма ва ба забони давлатӣ бехато навиштани шиору овезаҳо суҳбати озоду самимӣ доир шуд.

Ҳангоми мубоҳиса аҳли нишаст ба натиҷа расиданд, ки воқеан имрӯз забони тоҷикӣ дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Яъне, забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Давлат барои ҳифзу пешрафти забон шароит фароҳам меорад. Натиҷаи дастгирии Пешвои миллат аст, ки имрӯз забони ширини тоҷикӣ аз минбарҳои баландтарини созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад ва кӯшишҳо барои ҳамқадами замон намудану ба забони илму технологияи муосир табдил додани он  босуръат идома доранд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Март 3, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА нақшаи чорабиниҳои муштарак ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 26 сол дар ноҳияи Восеъ 16 муассисаи нав бунёд карда шуд
Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид