Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон доир ба ҳифзи забони давлатӣ маҳфил доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили навбатии «Хирадманд» доир шуд, ки дар он намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён дар мавзуи «Роҳҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.
Раҳим Зулфониён иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар яке аз ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои устувор намудани пояҳои забони давлатӣ «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад. Ҳоло ин барнома мавриди амал қарор дошта, дар рушди забони тоҷикӣ нақши бориз мегузорад.
Масъалаи дигаре, ки ба омӯзишу ҳифзи забони миллӣ ҳамрадиф аст, вазъи таълими забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Зеро ин масъала то замони истиқлол дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа хеле нигаронкунанда буд. Бо шарофати неъмати бебаҳои истиқлол ин вазъи барои миллату давлат ногувор маҷрояшро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйир дод. Яке аз ин самтҳо таълими ҷиддии забони тоҷикӣ ба сифати фанни ниҳоят муҳим ва тақвиятбахши рукнҳои давлати миллӣ дар тамоми риштаҳои ҳаёт, бахусус дар факултаҳои ғайрифилологии муассисаҳои олии таълимӣ мебошад.
Дар ҷамъомад оид ба вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди забони тоҷикӣ, таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, риояи меъёрҳои забони адабӣ дар воситаҳои ахбори омма ва ба забони давлатӣ бехато навиштани шиору овезаҳо суҳбати озоду самимӣ доир шуд.
Ҳангоми мубоҳиса аҳли нишаст ба натиҷа расиданд, ки воқеан имрӯз забони тоҷикӣ дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Яъне, забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Давлат барои ҳифзу пешрафти забон шароит фароҳам меорад. Натиҷаи дастгирии Пешвои миллат аст, ки имрӯз забони ширини тоҷикӣ аз минбарҳои баландтарини созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад ва кӯшишҳо барои ҳамқадами замон намудану ба забони илму технологияи муосир табдил додани он босуръат идома доранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд






