Дар Донишгоҳи миллӣ оид ба баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Март 19, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баҳри баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонони фаъол вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ҷавонони аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ хабар медиҳад.

Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, ҳамарӯза тадбирҳои заруриро нисбат ба насли ояндасози миллат амалӣ менамояд. «Ҷавонони тоҷик бояд дар тамоми соҳаҳо пешқадам, ҳушманд ва аз таъриху фарҳанги миллат огоҳ бошанд, арзишҳои миллиро шиносанд, ба онҳо арҷ гузоранд, ба ҷуз аз забони модарӣ  камаш ду забони хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисиро аз худ намоянд. Онҳо бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста ғанӣ гардонанд, то ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, дар раванди бесобиқаи ҷаҳонишавӣ ва талошу бархӯрди давлатҳои абарқудрат манфиатҳои давлат ва миллатро собитқадамона ҳимоя карда тавонанд», — гуфт ректори донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ дар идома аз корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ёдовар шуда, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва марзу буми ватанро вазифаи ҳамешагии ҷавонони саодатманд унвон намуд.

Гуфта шуд, ки давраҳои гуногуни фаъолияти Пешвои миллат, хусусан дар роҳи барқарор намудани сулҳу ободӣ ва эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳамзамон муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ барои насли наврасу ҷавон дарси худшиносиву ватандӯстӣ мебошад. Омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат барои ҳар насли ҷавон муҳиму саривақтӣ мебошад.

Дар идома ҷавонони аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ сохта шудааст, шинос шуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 19, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд