Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Март 30, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар мақомоти давлатии вобаста ба даъват ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ  вобаста ба иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба даъвати баҳории соли 2024 ва тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватӣ муҳокима шуда, масъулин натиҷаи даъватҳои пешин ва сатҳу сифати хизмат дар ҳайати захираҳои даъватиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, шахсони масъулро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.

Ҳамзамон масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ гузаронидани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатии вобаста ба даъват ва тақвият додани корҳои мақсаднок дар ҷараёни даъват аз масъалаҳои дигари баррасигардида дар ин ҷамъомад маҳсуб мешуд, ки аз ҷониби иштирокчиён маврди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар охири ҷаласа иштирокчиён баҳри дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд