Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фарҳанг ва Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона доир гардид

Март 19, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи фарҳанг (20 март) ва ҷашни байналмилалии Наврӯз  дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, ҳавасманд намудани фарҳангиёни мамлакат ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон сухан гуфта шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки ин рӯз ба мулоқоти анънавии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат иртибот дорад, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи байналмилалӣ доир мегардад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки  дар ин сана дар ҷумҳурӣ дари биною кохҳои бузурги фарҳангӣ, ба монанди Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ ба рӯи мардумамон боз гардиданд, ки бо бузургию сохти нотакрори меъморӣ дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ беназир ҳастанд. Ин ҳама нишонаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ дар сарзамини тоҷикон мебошад.

Иброз гардид, ки ҷаҳонӣ шудани ҷашни байналмилалии Наврӯз низ аз мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷик  дарак медиҳад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест.

АКС: Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Март 19, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид