Дар Душанбе оид ба нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз конфронси илмӣ-амалӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» — таҳти чунин унвон имрӯз дар пойтахти мамлакат бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ оғоз гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни конфронс иттилоъ медиҳад, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарияти шаҳри Душанбе, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, раисони шаҳрҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони масоили экологӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Ҳамоиш бо мақсади идомаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи иқдоми байналмилалии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2025 -Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо гузаронида мешавад.
Тафсилоти бештари конфронси илмӣ-амалӣ давоми рӯз манзур мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






