Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад

Март 28, 2024 15:37

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Густариши муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эстония дар вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва директори идоракунандаи Гурӯҳи ширкатҳои «ФЕС» ва ҳамзамон директори иҷроияи Ширкати масъулияташ маҳдуди «European Dip Service»-и Ҷумҳурии Эстония Андрей Фешенко баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ташаккули низоми миллии дастгирии содирот, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ, муаррифии маҳсулоти содиротии ватанӣ ва содироткунандагон, баланд бардоштани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва дарёфти бозорҳои нави содиротиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҳошияи вохӯрӣ Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷоя оид ба амалкунии сохтори Хонаи савдои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ба имзо расонида шуд.

Ҳадаф аз таъсис додани Хонаи савдои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат- ин муаррифии имконияти содиротӣ, муҳайё намудани шароити зарурӣ барои содироткунандагон ва соҳибкорони ватанӣ дар ҳудуди мамлакатҳои хориҷӣ буда, ба соҳибкорон имконият фароҳам меояд, ки молу маҳсулот ва хизматрасониашонро муаррифӣ ва пешниҳоди харидорони хориҷӣ намуда, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолиашонро тақвият бахшанд.

Бояд гуфт, ки таъсиси Хонаи савдои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ба содироти маҳсулоти ватанӣ ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллион доллар олуболу ва гелос содирот шудааст
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд
Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд
Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
Дар Женева ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
Дар Шанхай Форуми иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд