Дар Москва бар асари ҳамлаи террористӣ 60 нафар ҳалок ва зиёда аз 100 нафар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 22 март ба Маҷмааи консертии «Крокус Сити Холл»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳамлаи террористӣ содир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ТАСС.
Бино иттилои Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 60 нафар ҳалок ва зиёда аз 100 нафар захмӣ шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи террористиро маҳкум намуд.
«Амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии «Крокус Сити Холл» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русияро қотеона маҳкум мекунем. Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС аз манбаъҳои боз








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






