Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ҳизбии «Арвис» таъсис ёфт

Март 18, 2024 16:02

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ҳизбии «Арвис» таъсис дода шуд. Ба ин хотир дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» маҷлиси муассисон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд. 

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мусоидат ба ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияташонро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи мамлакат ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Дар маҷлис оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки  9 марти имсол баргузор шуд,  ибрози андеша гардид.

Дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилоти ҳизбии «Арвис» интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдим шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Март 18, 2024 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд