Дар ноҳияи Зафаробод ниҳолшинонӣ тақвият дода мешавад

Март 3, 2024 08:53

СУҒД, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф тақвият дода мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод  хабар доданд, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳраки Зафаробод аз тарафи Муассисаи хоҷагии коммуналии ноҳия зиёда аз сад ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ ва дар саҳн ва атрофи корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кони Ганҷ» дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ шинонидани  ниҳолҳои гуногуни ороиширо тақвият бахшида, барои ободу зебо ва чароғон гардонидани хиёбону кӯчаҳо ва маҳаллаҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия тадбирҳои ободкориро амалӣ менамояд.

Дар ноҳия  корҳои бунёду навсозии иншооти сатҳи гуногун, мумфаршкунии роҳу пулҳо ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, ниҳолшинонӣ, хуррамгардонӣ ҳамарӯза дар ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бо ҷалби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми соҳибкорон ва фаъолияти дастҷамъонаи сокинони панҷ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бунёд ва навсозии 540 иншооти сатҳи мухталиф  дар назар дошта шудааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод

Март 3, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд