Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи зиддитеррористии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид

Март 16, 2024 10:16

 ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Хоавр»/. Дар шаҳри Ню-Йорк  мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ)  Ҷонибек Ҳикмат бо ёвари Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Мудирияти Кумитаи зиддитеррористии Шурои Амният СММ (CTED) Наталя Герман баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар хусуси мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа, инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи зиддитеррористии Шурои Амният СММ  дар ин самт табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот инчунин аҳаммияти баргузории силсила чорабниҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо террорим ва маблағгузории он» ва танзими сафарҳои минтақавии ҳайати Кумита таъкид гардид.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 16, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид