Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид

Март 20, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 20.03.2024. АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилоти муқимии шаҳри Душанбе, муҳаққиқону коршиносон, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма конфронси илмию амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид  ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, мақоми ҷаҳонӣ гирифт ва арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва маъруфтарин иди миллати тоҷик ба шумор рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифта мешавад ва барои муаррифии таъриху фарҳанги мо заминаҳои мусоид мегузорад.


Таъкид шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии миллиамон Наврӯзи Тоҷикистон шукуҳу шаҳомати тоза касб кардаву рангину ҷаззобтар гаштааст.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, давлатҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурда, ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Дар идома як зумра намояндагони созмон ва ташкилоти бонуфузи байналмилӣ ва рӯзноманигорони хориҷӣ оид ба ҷашни Наврӯз ва саҳми он дар пайвандсозии халқу миллатҳо ибрози назар намуданд.


Қисмати дуюми Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» дар «Боғи Ирам» бо  баргузории чорабинии рангини фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, хусусан хӯрокҳои наврӯзӣ ва бозиҳои гуногун идома ёфт.

Дар идомаи намоиш баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд