Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бо иштироки васеи гирандагони стипендияҳои президентӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш бо намоиши дастовардҳои ҷавонони вилоят дар самтҳои илм, варзиш, ҳунару ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва техникаву технология доир шуд. Роҳбарият дар намоишгоҳ ба қолибҳои чанд ихтирооти ҷавонони ихтироъкор баҳои баланд дода, ба масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят барои дастгириву амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо чунин ҷавонони фаъолу ояндадор дастуру супориш доданд.
Дар ҳамоиш зиёда аз 476 нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд. Имсол теъдоди Стипендияи президентӣ аз 400 ба 3000 адад ва маблағи он низ ба 600 сомонӣ расонида шуд.
Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон баҳри ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки иқдоми наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало эҳсос гардида, ба хотири руҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст.
Аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба ҳар гирандаи Стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






