Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17-19 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» гузаронида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, амалӣ намудани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли даҳум аст, ки дар вилояти Суғд ташкил мешавад
Дар доираи Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ин ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунашонро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Намоишгоҳи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023», ки 22 — 24 июн доир гардида буд, 500 меҳмон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Корея Ҷанубӣ иштирок намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид






