Дар Суғд доир ба дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсия баргузор шуд

Март 5, 2024 14:02

СУҒД, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Модар дар мавзуи «Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд, дар конференсия олимон, собиқадорони меҳнат ва фаъолон иштирок намуда, оид ба дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастовардҳои занону духтарони тоҷик сухан намуданд.

Собиқадорони меҳнат ба занону духтарон иброз доштанд, ки бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Мо бояд имрӯз дар пешрафти ҷомеаю мамлакатамон саҳм гузорем.

Дар ҷамъомад намояндагон аз Институти илмҳои ҷомеашиносӣ ва Маркази солимии репродуктивии вилояти Суғд дар мавзуъҳои «Саҳми занон дар рушди илм» ва «Дастовардҳои занон дар соҳаи тандурустӣ» маъруза намуданд.

Иброз гардид, ки имрӯз баҳри саломатии модару кӯдак дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Март 5, 2024 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид