Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Суғдиён»— и маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он 100 нафар кормандони матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши бориз гузошта, инсонҳоро ба сӯи фардои дурахшон ва ояндаи нек раҳнамун месозанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо менамоянд».
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма диққати махсус зоҳир гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудаанд. Аҳли қалам бо истифода аз чунин имконот барои муаррифии таърихи пурғановати халқи тоҷик, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанаҳои милливу қадимӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ва бовар ба фардои саодатбахш меҳнат менамоянд. Инъикоси саривақтии пешрафту тараққиёти ҷомеа ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда самараи фаъолияти шоистаи рӯзноманигорон маҳсуб мешавад.
Сипас, ба як зумра собиқадорони соҳаи матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят барои саҳми арзанда дар пешрафти ҷомеа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Ҳамзамон ба ғолибони озмуни Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ диплому мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Имсол Ҷоизаи вилоятӣ дар бахши телевизиону радио насиби Мунаввара Мирзоумарова, собиқадори радио ва Лола Раҷабзода, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд шуд. Ҷоиза дар бахши матбуотро Саттор Содиқов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Паёми Конибодом» ва Набӣ Ҷумъаев, собиқадори матбуот ба даст оварданд.
Дар вазъияти тантанавӣ инчунин ба якчанд нафар шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, нишонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд






