Дар Женева ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд

Март 7, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Женева вохӯрии Намояндагони доимии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева бо Намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии созмон оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода мавқеи мамлакатро баён намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд