ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаҳои гуногуни ноҳияи Варзоб зиёда аз 14 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ВАРЗОБ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар теппаҳои мавзеи Лучоби назди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва дар ду шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хуҷанд 7240 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд. Дар ин хусус директори Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб Рустам Қурбонов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб вобаста ба сабзазоркунӣ ва шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабзу мевадиҳанда гузаронида мешаванд.
Ниҳоли дарахтон бо тавсияи мутахассисон, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва мутобиқ ба минтақа шинонида мешавад.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормандони сохторҳои гуногуни ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуда, дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар талу теппаҳои болои терминали мусофиркашонии Душанбе- Суғд бояд 10 гектар ҷангал бунёд шавад. Дар айни замон корҳои ҳамворкунӣ ба анҷом расида, 7000 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст. Рӯзҳои наздик дар ин мавзеъ боз 5500 бех дарахтони гуногун шинонида мешаванд.
Имрӯзҳо дар ниҳолхонаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб 30 ҳазор бех дарахтони чормағз, себ, олучаи саҳроӣ, зардолу, хуч, ақоқиё, санавбар, булут, шоҳбулут, арчаҳои гуногун, сарвиноз ва сарв парвариш мешаванд, ки дар оянда ба бунёди ҷангалзори нав мусоидат менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб










Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд






