ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаҳои гуногуни ноҳияи Варзоб зиёда аз 14 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Март 13, 2024 18:00

ВАРЗОБ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар теппаҳои мавзеи Лучоби  назди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва дар ду шафати шоҳроҳи байналмилалии  Душанбе-Хуҷанд 7240 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд.  Дар ин хусус  директори Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб Рустам  Қурбонов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Варзоб вобаста ба сабзазоркунӣ ва шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабзу мевадиҳанда гузаронида мешаванд.

Ниҳоли дарахтон бо тавсияи мутахассисон, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва мутобиқ ба минтақа шинонида мешавад.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ кормандони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб,  кормандони сохторҳои гуногуни ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуда, дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар талу теппаҳои болои терминали мусофиркашонии Душанбе- Суғд бояд 10 гектар  ҷангал бунёд шавад. Дар айни замон корҳои ҳамворкунӣ ба анҷом расида, 7000 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст. Рӯзҳои наздик дар ин мавзеъ боз 5500 бех дарахтони гуногун шинонида мешаванд.

Имрӯзҳо дар ниҳолхонаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб 30 ҳазор бех дарахтони чормағз, себ, олучаи саҳроӣ, зардолу, хуч, ақоқиё, санавбар, булут, шоҳбулут, арчаҳои гуногун, сарвиноз ва сарв  парвариш мешаванд, ки дар оянда ба бунёди ҷангалзори нав мусоидат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Март 13, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Шуғнон боғи намунавӣ бунёд гардид
Дар шафати кӯли Ҳафткӯл-Ҳазорчашма 3900 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд
БАРНОМАИ «КИШВАРИ САБЗ». Дар ноҳияи Айнӣ дар 0,80 гектар ниҳолхона ташкил карда шуд
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои автомобилгард беш аз 180 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар ноҳияи Рӯшон дар 1 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид
КИШВАРИ САБЗ. Дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ванҷ мавсими ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Истаравшан беш аз 18 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуданд
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд
Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав беш аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуд