«ДАСТИ ДУОИ МОДАР». Дар Душанбе бо иштироки занон-ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсату ҷомеа ва собиқадорони меҳнат ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Модар бо иштироки аъзои Шурои занони сулҳовари назди Кумита, ходимони давлатӣ, фаъолони арсаи сиёсат ва ҷомеа, собиқадорони меҳнат таҳти унвони «Дасти дуои модар» ҳамоиши идона доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиши идонаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз намуда, ҳозиринро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Таъкид шуд, ки бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону занон ва духтарони иззатманди тоҷик илҳоми тоза бахшида, далели сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи занону модарони тоҷик мебошад.



Ин ташаббусу иқдоми наҷиби Пешвои миллат, арҷгузорӣ ба шабзиндадориҳои модарон буд, ки давоми ҳазорсолаҳо барӯмандфарзандони миллатро дар оғӯши гарму нармашон аз газандҳо нигоҳ дошта, бо аллаҳои гӯшнавозу ҷонбахш ба камол расонидаанд.
Меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати Зан-Модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ ёфт.
Дар ҳамоиш ходимони давлатӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматҳои нотакрори Прзиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба даст овардани сулҳу истиқлоли комил, ваҳдату ягонагӣ ва эътибору эҳтиром гузоштан ба қадру манзалати занону духтарон ибрози андеша намуданд.
Монологи «Модар»-и Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Марям Исоева ва барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ идомаи мантиқии чорабинӣ гардида, ба иштирокдорон фазои идона эҳдо намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






