Деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ мақсад доранд, ки аз 5 гектар токзор 100 тонна ҳосил ба даст оранд

Март 18, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 18.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон соли 2024 аз 5 гектар токзор нақша доранд, ки беш аз 100 тонна ҳосили ангур рӯёнанд. Дар ин хусус ба Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ки бо сафари корӣ дар ин ноҳия қарор дошт, иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, раиси вилоят нахуст дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Дӯстӣ-Қубодиён иштирок намуда, баъдан бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ соли 2009 таъсис ёфта, дорои зиëда аз 12 гектар замин аст. Аз майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 9 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад, ки 5 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Хоҷагидорон  9 навъи ангур парвариш менамоянд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст оварда шуд.

Ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунëд шуда, саҳмдорон мақсад доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоиш диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад