14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт

Март 14, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 14.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба 32-солагии таъсиси мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон кормандон ва собиқадорони мақомотро бо иди касбӣ табрик намуда, доир ба таърихи таъсиси мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа сухан гуфт.

Зимни маҷлиси тантанавӣ бо назардошти иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақияти шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба Рӯзи кормандони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.

Инчунин дар маҷлиси тантанавӣ тибқи тартиби муқарраршуда 37 мутахассиси ҷавони прокуратура, ки акнун дар роҳи хизмати содиқонаи қонун қадам ниҳоданд, оид ба риояи софдилонаи Конститутсия ва дигар қонунҳо, беғаразӣ ва адолат, мубориза бар зидди ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарфи назар аз он ки онро кӣ содир намудааст, самаранок бурдани назорати прокурорӣ ва тафтиши пешакӣ, азиз доштани шарафи касбӣ, садоқатмандӣ, тозагии ахлоқӣ ва хоксорӣ савганд ёд намуданд.


Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

Бояд гуфт, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 1992 Рӯзи таъсиси Прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 март иди касбии кормандони прокуратура эълон шуд. Яъне, имрӯз кормандони ин ниҳоди муҳиму таҳкимбахшандаи қонун иди касбиашонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

АКС: Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд