Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон фиристода шуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи барномаи табодули академӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон ҷалб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз табодули академии навбатии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои риштаи сайёҳӣ дар муассисаи таълимии гуфташуда, ҳамзамон баланд бардоштани малака, салоҳиятнокии касбии донишҷӯён ва омӯзиши усулҳои нави таълим маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки соли 2022 зимни сафари ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанги Қазон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳо ба имзо расида буд. Инак, 2 сол инҷониб дар доираи муқаррароти ин созишнома табодули академии донишҷӯён ва дигар самтҳои ҳамкорӣ густариш меёбад.
Табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат идома ёфта, баҳри омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ даврҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд






