Доварони Тоҷикистон бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ менамоянд

Март 2, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 02.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду дастаи доварон аз Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, ки моҳи март доир мешаванд, ҳакамӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Кувайт ва Қатарро, ки рӯзи 26-уми март дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор мешавад, доварӣ менамояд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов кумак хоҳанд намуд. Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба ҳайси довари эҳтиётӣ таъйин шуд.

Гурӯҳи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «I»-ро байни дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Фаластин доварӣ мекунад. Ёварони ӯ Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод хоҳанд буд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов вогузор шуд. Вохӯрӣ 26 март дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 2, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд