Дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид

Март 1, 2024 12:31

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои амалисозии ислоҳот барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2024 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад