Эмомалӣ Раҳмон: «Набзи зиндагии башар дар тамоми таърихи инсоният бо набзи Зан-Модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад»

Март 7, 2024 14:27

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият сабаб гардид, ки Модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд. Дар арафаи Рӯзи Модар тасмим гирифтем, ки чанд андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ситоиши бузургии Зан-Модар, ки сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошанд, пешниҳоди хонандагон гардонем.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад.

***

Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.

***

Хираду наҷобат ва бузургии Модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

***

Мо вуҷуди муқаддаси Модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мо аст. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.

***

Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ў меомўзад. Ҳар Модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

***

Барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд. Мо шумо – модаронро баробари Ватанамон азиз мешуморем ва дўст медорем.

***

Заҳматҳои беназири Зан–Модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии мамлакат моро водор месозанд, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ўро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ў шароити мусоиде омода намоем, то дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифат тарбия намояд.


***

Тарбияи насли солим ва инсони комил ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва саховату садоқати беинтиҳои Модар наметавонад боровар бошад.

***

Ба ибораи дигар, модарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар, аз ҷумла мардуми мо нақши муассир мегузоранд.

***

Мо бо занону модаронамон ҳамеша ифтихор менамоем. Зеро Модари тоҷик давоми садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонае ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.

***

Бузургдошти Модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар инсони бонангу номус аст.

***

Занону модарон тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогўи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастанд.

***

Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки Модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.

***

Ҳамду сано ба Зан-Модар, ки муҳаббати ў интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.

***

Дар домони сабзи табиат шумо — занон  монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хосса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед.

***

Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия намудани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд.

***

Пос доштани иззату эҳтироми Модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар фарди солимфикр ва бонангу номус аст.


***

Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

***

Агар нури Офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан-Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.

***

Нақши Модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

***

Модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббаташ тарбия намуда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.

***

Дар ситоиши Зан-Модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандӯсту ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

***

Хизмати Модар барои башарият беҳаду ҳудуд аст. Аз ин хотир меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад.

***

Донистани қадру қимати Модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.

***

Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки имрӯз ифтихори мо — тоҷикон мебошанд.

***

Занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд. Онҳо дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.

***

Зан — Модар пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари суннату анъанаҳои солими гузашта ва арзишҳои пурқимати ҷомеа мебошад.

***

Мо — тоҷикон ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми Зан-Модар ва ба қавли бузургонамон олиҳаи зиндагиро баланд қадр менамоем.

***

Зан — Модар, ки офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ҳаёт ва неъматҳои бузурги он — озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро бештар қадр менамояд.

***

Фарҳанги волои миллати соҳибмаърифат ва тамаддунсози мо аз аллаи ширини тоҷикии занону модарони меҳрубон ва поксиришти мо ибтидо мегирад. Пас меарзад, ки чунин занону модарони фозилро тоҷи сар намоем ва дар назди қадру манзалати олии онҳо мардона сари эҳтиром ва таъзим фуруд орем.

***

Модар бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгори моро зеб медиҳад.

АКС аз бойгонӣ

Март 7, 2024 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст