ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон Барномаи рушди истеъдодҳои ҷавон амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон лоиҳаи нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) – «Talent Development Scheme»-ро дар мамлакат амалӣ менамояд. Ин лоиҳаи ҷустуҷӯи истеъдодҳо ва рушди бозигарон барои дастаҳои мунтахаб мебошад, таъкид намуданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Соли 2023 Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷузъи барномаи густурдаи «FIFA Talent Development Scheme» гардид. Бар асоси маълумоте, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод намуд, ФИФА вазъи футболи Тоҷикистонро омӯхта, чанд тавсия додааст.
Раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон барномаи рушди техникиро то соли 2026 таҳия намуд, ки дар он самтҳои калидӣ ва афзалиятноки рушд тавсиф шудаанд. Яке аз онҳо дарёфти футболбозони боистеъдод аст, ки аз ҳама муҳим, ба ҳар бозигар имкон дода мешавад, то худро нишон диҳад. Бозингароне, ки аз рӯйи ин система соли 2023 интихоб шуданд, имрӯз пояи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро (U-16) ташкил медиҳанд, ки ду сол пайиҳам дар мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бомуваффақият иштирок намуда, ғолиб гардид. Ҳадафи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон назорати рушд ва пешрафти ин бозигарон аст.


Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол дар чаҳорчӯби ин тарҳ тасмим гирифтааст, ки бозигарони аз 12 то 16-соларо муайян ва барои мураббиёни боистеъдоди дастаҳои наврасону занона семинарҳо гузаронад. Чанде пеш раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мураббиёни дастаҳои наврасон дар мавзуи «Банақшагирии микросикли ҳафтаина дар давраи омодагӣ» семинар баргузор намуд.
Дар баробари ин барои 23 бозигаре, ки моҳи декабр аз байни 65 бозигари боистеъдоди то 14-сола интихоб шуданд, ҷамъомади таълимӣ гузаронида шуд. Моҳи март барои дастаҳои занона низ чунин чорабиниҳо ташкил мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






