Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов баррасӣ шуд

Март 1, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Ректори филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов дар Тошканд профессор Қаландар Абдураҳмонов баррасӣ шуданд.        Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иттилоотии технологӣ  ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки дар филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов дар Тошканд Шурои илмӣ фаъолият дорад. Аз ин рӯ, мусоҳибон хостори густариши ҳарчи бештари  робитаҳои илмӣ байни олимони ду давлат гардиданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаи табодули таҳсили донишҷӯён изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Март 1, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид