Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Литва дар бахши транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Литва дар соҳаи нақлиёт имрӯз дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳури Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Эгидиус Невикас баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва имконияти густариши ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Литва, аз ҷумла дар бахши транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва 13 августи соли 1992 барқарор гардида, Литва яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Аврупо мебошад.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Литва танҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 18759,4 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он 88,3 ҳазор доллар ба содирот ва 18671,1 ҳазор доллар ба воридот рост меояд. Асоси шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, имрӯз он аз 5 ҳуҷҷат иборат аст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст






