Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ба 7+12 ва рӯзона ба 17+23 дараҷа мерасад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 +8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.








22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






