Имрӯз даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд

Март 1, 2024 12:21

ДУШАНБЕ, 01.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) оғоз шуд.  Тибқи тартиби муқарраргардида, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) даври якуми бақайдгирии (номнависии) довталабонро барои иштирок дар ИМД амалӣ менамояд.

Номнависӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии доимӣ ва сайёри шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки имсол давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 59 шаҳру ноҳияи мамлакат, ки дар 43-тои онҳо 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 16-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият менамоянд, гузаронида мешавад. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ  ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои довталабон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шудааст, бо нишонии  нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Барои амалӣ намудани фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ дар ҷумҳурӣ Марказ дар асоси озмун 243 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб намудааст, ки ҳамаи онҳо аз омӯзиши махсус гузашта, дар мавридҳои дахлдор ин мутахассисони ҷалбгардида ба довталабон ва падару модарон тавсияҳо медиҳанд.

Иштироки довталабон дар ИМД ихтиёрӣ аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки таҳсилоти миёна ва олии касбӣ метавонад барои соҳибмаълумот шуда, ҷойи кори мувофиқ ёфтан заминаи асосӣ  фароҳам орад ва дар замони муосир хеле муҳим ва зарур ба ҳисоб меравад. Шахси соҳибмаълумот дар ҷомеа мақому мартабаи муносиб пайдо намуда, дар пешрафту ободии Ватани азиз– Тоҷикистон саҳми муносиб мегузорад.

Онҳое, ки хоҳиши иштирок дар ИМД-2024-ро доранд, тибқи тартиби муқарраргардида, бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро номнавис кунанд. Бақайдгирии довталабон бо ҳузури ҳатмии онҳо доир шуда, шахси дигар ба ҷойи касе ба қайд гирифта намешавад. Марказ ҳамчунин барои осон намудани бақайдгирии довталабон ва сарфаи вақти онҳою кормандони нуқтаи бақайдгирӣ хизматрасонии “Пешномнависӣ”-ро дар сомонааш амалӣ намудааст, ки довталабон тавассути он метавонанд худро пешакӣ номнавис карда, баъдан барои расмӣ намудани он дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон то 30 апрели соли 2024 идома меёбад. Чун дар соли 2023 имсол азнавбақайдгирии довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнависшаванда бо ин раванд (бақайдгирӣ) ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.

Тибқи нақшаи Марказ, имсол даври якум (асосӣ)-и ИМД дар марказҳои имтиҳонии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Б.Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Хоруғ) баргузор мешавад. Довталаб, новобаста аз ҷойи истиқомат ва макони бақайдгириаш, яке аз шаҳру ноҳияро барои имтиҳонсупориаш интихоб карда метавонад.

Марказ бо мақсади осонии кори довталабон дар интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод шавад, барномаи “Интихоби ихтисос”-ро низ таҳия ва дар сомона ҷойгир намудааст. Барномаи “Интихоби ихтисос” яке аз навгониҳое аст, ки Марказ онро соли гузашта ҷорӣ намуд ва имсол низ барнома дар ду шакл: (1)  мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо пешниҳод шудааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд  аз махзани интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо аз сомонаи Марказ боргирӣ карда метавонед.

Хотиррасон мекунем, ки довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда,  чун солҳои гузашта то 12 комбинатсияи ихтисоси писандашонро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ, немисӣ, фарансавӣ ё арабиро интихоб карда метавонанд.

Падару модаронро зарур аст, ки аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд.

Таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну наздикони дигари онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо бо такя ба дониш ва маҳорату малакаи худ вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД-2024, аз ҷумла истифодаи маҷмуаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашркардаи Марказ ва хизматрасонии «Худро бисанҷ» ёрирасон хоҳад буд.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2024 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои якчанд гурӯҳи довталабон дар пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД имтиёзҳо муқаррар шудаанд. Лозим ба таъкид аст, ки соли ҷорӣ гурӯҳҳои довталабони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД имтиёздошта зиёд гардид. Бо рӯйхати ин шахсон ва имтиёзҳои барои онҳо муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирӣ ё аз сомонаи Марказ метавон шинос шуд.

Довталабоне, ки мехоҳанд худро барои иштирок дар ИМД-2024 сабт намоянд, бояд маблағи хизматрасониро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ё тавассути барномаи мобилии «Амонат мобайл» пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохтро ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.

Маълумоти пурраро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонааш ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2024 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Гулноз Аҳмадова дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Самарқанд соҳиби медали тилло гардид
Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаҳои фанни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар соли 2024 муайян гардиданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоишҳо баргузор шуданд
Мутахассисони ҷавони ихтисоси омӯзгории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба кор ҷалб шуданд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Тоҷикистон ба ин фанҳо диққати бештар дода мешавад
«ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ». Хонандаи тоҷик Ёқубҷон Ғуломов ғолиби озмун дониста шуд
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо муассисаҳои олии касбии Узбекистон ҳамкориро тақвият медиҳад
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб бо якчанд муассисаи олии ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
«ДУШАНБЕ–ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нассоҷии Ухан тақвият меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 15 бинои муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ мешавад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд