Кадбонуи беҳтарини ноҳияи Шуғнон муайян гардид
ХОРУҒ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Дар озмун намояндагони панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия иштирок намуда, намунаи таомҳои миллию маҳаллӣ ва ҳунарҳои бофандагию дӯзандагиро ба маърази тамошо гузоштанд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Муовини Раиси ноҳияи Шуғнон Гулғунҷа Саидарабзода изҳор дошт, ки иштирокчиёни беҳтарини озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ба озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат мегиранд. Ҳадафи аслии баргузории озмун- баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳарчӣ бештар тарғибу ташвиқ намудани ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллию маҳаллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти расму суннатҳои миллии ниёгонамон ва ба ин васила баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ дар байни занону духтарон мебошад.
Ҳайати ҳакамон ба дастурхони сокини деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон Зӯҳро Холиқназарова аз ҳама бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ӯ мақоми аввалро сазовор донистанд. Зеро ин кадбону дастурхонашро бо таомҳои аз ҷиҳати экологӣ пок оро дода буд. Дар хӯриш ё пешғизо аз як ва ё чанд намуди сабзавоти тару тоза, ҳамчунин сабзавоти пухта, гӯшту тухми обҷӯш ва баъзе намудҳои гиёҳҳои шифобахш истифода намудааст, ки ба гуфтаи ҳакамон, хӯришро на танҳо болаззат, балки ба саломатии инсон фоидаовар низ гардонидаанд.
Акнун Зӯҳро ва ду ғолиби дигар ба озмуни вилоятӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






