«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 март, соати 19:00 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангии асосии ҷумҳуриявӣ — «Карнавали наврӯзӣ» бо шукуҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии мамлакат ва арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон таҷлил мегардад.
Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз менамуданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фалак, Шашмақом, чакан, атласу адрас эҳё гардиданд.
Мояи ифтихор аст, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид






