Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»

Март 21, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Мо бо ваҳдату сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаи мардумамон ба ҳама ҳадафҳои стратегие, ки дар наздамон гузоштаем, мерасем ва Наврӯзи бостонӣ бо қадамҳои муборак ба ҳар хонадони мамлакат шодиву хушҳолӣ ва барору комёбӣ меоварад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз баён намуданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар шароити бисёр ҳассосу пурҳаводиси ҷаҳони имрӯза мо ба шукронаи соҳибватанӣ ва соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ бояд боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ ва босабру таҳаммул бошем, Ватани азизамонро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллиамон арҷ гузорем.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар» 

Март 21, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид