Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
СУҒД, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Муҳаммадҷон — 2016», «Даҳкат» ва кооперативи истеҳсолии «Замониён»-и ноҳияи Зафаробод картошкаи барвақтӣ кишт гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод.
Дар маъракаи кишти картошка раиси ноҳия иштирок намуд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд.
Бояд гуфт, ки кишоварзони ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Зафаробод аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат хулосаи зарурӣ баровардаанд. Онҳо хуб дарк менамоянд, ки тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ имрӯз моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин мақсад таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шавад.
АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Зафаробод








«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






