Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки барои иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон омадаанд, бо пойгоҳи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, меҳмонон дар ҳайати Президенти муколамаи кушодаи байналмилалӣ Кристиан Гроссе, муҳаррири маҷаллаҳои масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ Волкер Таҳер Ниф ва коршиноси масоили санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ доктор Саид Умар маҷмааи таълимӣ-озмоишгоҳии донишгоҳро дар риштаи сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва хизматрасонии тарабхонавӣ тамошо намуда, бо донишҷӯён суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.
Меҳмонон ба заминаҳои моддӣ-техникии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳои баланд дода, зимни мулоқот бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса таассуроташонро нисбат ба имконияти сайёҳии мамлакат, табиати зебо, фарҳанги баланди меҳмондорӣ ва шароити таҳсил барои ҷавонони имрӯза баён намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






