МАҶМААИ «ДУОИ МОДАР». Он ба хотири гиромидошти мураббии нахустини инсон, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр-Модар қомат афрохтааст
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо нишони арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маҷмааи «Дуои Модар»- яке дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигаре дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанди вилояти Суғд қомат афрохтаанд, ки ҳамасола дар назди онҳо ҳамоишҳои идона бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешаванд.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар тасмим гирифтем оид ба ин маҷмааҳо, ки ҳамчун намунаи хуби арҷгузорӣ ба хизматҳои Зан-Модари тоҷик бунёд гардидаанд, маълумот диҳем.
Маҷмааи «Дуои Модар» дар даромадгоҳи Кӯлоб- рамзи ҳифзу амонӣ ва сабзишу пешрафт
Маҷмааи «Дуои Модар» дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб дар масоҳати қариб 1 гектар бунёд шуда, ба макони зебову назаррабо ва ҷойи қабул ва гусели меҳмонон табдил дода шудааст. Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли «болои кат даст ба дуо бардошта» сохта шудааст, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақият дониста мешавад.
Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки он заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос менамояд. Ҳамзамон дар ин асар расму ойин ва рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Муҷассамаи «Дуои Модар» ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон азамату бузургии Модарро васф намуда, дар ситоиши Модар фармудаанд: «Зан-Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмаа сохтмони онро дар даромадгоҳи шаҳр иқдоми хубу шоистаи таҳсин хонда, ба тамоми дастандаркорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда буданд.
Ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ — самараи заҳмати шабонарӯзии Модар
Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии Модар аст. Дунё дар домони поки Модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад.
Бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ муҷассамаи «Дуои модар» ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии Зан-Модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд шуда, дар мамлакат аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи Модар мебошад.

Муҷассамаи «Дуои модар» бо пояаш қариб 13 метр буда, баландии муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад.
Саҳни муҷассамаи «Дуои модар» бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст. Ин дар фурудгоҳ мавзеи ҷолиби тамошо барои меҳмонону сайёҳон буда, дуои Модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.
Ҳамзамон бояд иброз дошт, ки бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар мамлакати мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба Модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст».
Яъне, Модар ганҷинаи бебаҳо ва сароғози ҳама оғозҳо мебошад. Пас месазад, ки ҳамеша Зан-Модарро гиромӣ дорем ва ба хизматҳои бузургаш дар ҷаҳони муосир арҷ гузорем.
Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмӣ-назариявӣ-ҳизбӣ баргузор шуд






