Марказҳои тадқиқотии Тоҷикистон ва Гурҷистон ҳамкории илмӣ-таҳлилиро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо ҳайати парлумонии Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Николоз Самхарадзе баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо омодагиашонро баҳри тақвияти ҳамкории илмӣ – таҳлилӣ байни марказҳои тадқиқотии ҳарду давлат иброз доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, зимни мулоқот директори Марказ оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Марказ, стратегияҳо ва барномаҳои калидии рушди иқтисодии мамлакат, зарфияти истеҳсолии соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, доираи ҳамкории гуногунҷанба бо кишварҳои олам маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Николоз Самхарадзе иброз намуд, ки ин сафари аввали ҳайати парлумони Гурҷистон ба Тоҷикистон буда, ҳадафи он аз наздик шинос шудан бо имконияту иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва барқарору васеъ намудани равобит бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ мебошад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳифзи суботу амният дар минтақа ва зарфияти транзитии мамлакат муҳокима шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






