Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд

Март 28, 2024 11:04

ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Ваҳобов тариқи маҷозӣ доираи васеи масоили ҳамкории илмию таҳлилӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Хайридин Усмонзода ҳамтояшро ба муносибати директори институт таъйин гардиданаш табрик гуфта, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ таҳти роҳбарии ӯ ҳамкории илмию таҳқиқотии ду муассиса густариши тоза пайдо менамояд.

Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Узбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2024 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад