МАШЪАЛАФРӮЗИ ЗИНДАГӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи Модарро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода аз дастгириҳои занону духтарони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки саҳми онҳо дар рушди илмҳои гуногун дар донишгоҳ назаррас аст.
Дар ҷамъомад муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашурзода ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода сухан гуфта, ба устодону кормандони донишгоҳ ва дар симои онҳо ба тамоми занони ҷумҳурӣ саломатию сарбаландӣ таманно намуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз занон-модарон ва духтарони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор дошта, дар пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд.
Аз ҷониби донишгоҳ занон бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуда, инчунин зумрае аз занони донишгоҳ бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти Зан-Модар ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи фарҳангию хотирмон пешниҳод намуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд






