РУШДИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ МУОСИР. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Рушди матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ»- таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва устодону донишҷӯён ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нишаст намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистон, Шурои ВАО, муҳаррирони нашрияҳои давриву сомонаҳои интернетӣ ва устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфта, тандурустиву рӯзгори обод таманно намуд. Мавсуф аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар рушди мамлакат нақши муҳим ва муассир мебозад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, «муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».
«Бо боварии комил метавон гуфт, ки шумо, намояндагони воситаҳои ахбори омма имрӯз рисолататонро дар ҷодаи расонидани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилоти ҷомеаи мо ва ҳифзи манфиатҳои мардум ва миллии Тоҷикистон поквиҷдона ва бо масъулият иҷро менамоед»,-афзуд ректори донишгоҳ.
Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода, муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода сухан гуфта, нақши ВАО-ро дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шароити муосир дар рӯзгори мо нақши воситаҳои ахбори омма торафт меафзояд. Зеро расонаҳо оинаи зиндагӣ буда, дар онҳо набзи зиндагӣ инъикос ва таҳлилу баррасӣ мегардад. Ҳамин андешаро нисбат ба матбуоти тоҷик метавон баён намуд. Таърихи матбуоти тоҷик моломоли талошҳои созандаву пуршараф аст. Матбуоти тоҷик низ дар таърихи 112-солааш дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ, новобаста аз сиёсати замон содиқ будаву ҳаст. Чароғеро, ки дар он рӯзгор ташаббускорони нахустин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» афрӯхтанд, талоше барои рӯшанӣ андохтан дар рӯзгори аҷдодони мо буд. Ин нашрия роҳеро кушод, ки барои садсолаҳо хизмат намуд.
Имрӯз «Бухорои шариф» барои аҳли қалами расонаҳои тоҷикӣ нахустин сабақи омӯзиши маҳорат ва касбият буда, дар роҳи тарғибу ташвиқи маърифати замонӣ, худшиносиву худогоҳӣ рушноибахш ва мактаби ибрат боқӣ мондааст.
Таъкид шуд, ки маҳз истиқлолият имкон дод, ки мо иди касбии рӯзноманигоронро дар рӯзи чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» таҷлил намоем. Ин ҷашн пос доштани руҳи дастандаркорони «Бухорои шариф», арҷ гузоштан ба талошҳои собиқадорони матбуот ва эҳтироми меҳнати имрӯзиёнро ифода менамояд. Ин ҷашне аст, ки аҳли қалам – рӯзноманигоронро дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбиашон ба ҳам меорад.
Дар анҷоми ҳамоиш зумрае аз устодону кормандони донишгоҳ бо Сипосномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






