Молу маҳсулотро дар «МегаФон Life» фармоиш диҳед ва «Пайкар» онҳоро то назди даратон бурда мерасонад!
ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Акнун метавонем тавассути замимаи мобилии MeгаФон Life дар шабакаи «Пайкар» молу маҳсулотро бихарем ва якбора дастраскуниро ба суроғаи зарурӣ ташкил намоем. Хизматрасонии «Маҳсулот» танҳо дар ҳудуди пойтахт барои фармоишҳо ба маблағи 100 сомонӣ ва зиёдтар амал менамояд.
Барои фармоиш зарур аст, ки замимаи «МегаФон Life»-ро кушоед ва ба «Ҳамён» ворид шуда, дар қисми «Хизматрасониҳо» – хизматрасонии «Маҳсулот»-ро пайдо кунед. Интихоби молҳое, ки дар шабакаи савдо пешниҳод шудаанд, дар он ҷо дастрас аст. Баъди гузоштани маҳсулоти зарурӣ ба «сабад» истифодабарандаи замима маблағи харидро ба таври онлайн тавассути маблағҳои «Ҳамён», корти бонкии ба замима пайвастгардида ё кешбэкҳои ҷамъоваришуда пардохт менамояд.
Хусусияти нодири хизматрасонии нав он аст, ки корбар дар ҳолати мавҷуд набудани маҳсулоти фармоишӣ дар мағоза аз мушкилии бозгирии маблағ озод мешавад. Пеш аз пардохт оператори шабакаи супермаркетҳои «Пайкар» бо харидор тамос гирифта, таркиби фармоишро мушаххас менамояд. Дар ин марҳила, метавонем дохили сабадро иваз намуда, молу маҳсулотро бо хоҳиши худ илова ё хориҷ намоем. Барои ин дигар вориди замима шудан лозим нест, арзиши ниҳоии фармоиш ба таври автоматӣ гирифта мешавад. Дар натиҷа харидор маҳз маблағи ҳамон маҳсулотеро пардохт менамояд, ки ба суроғаи гуфтаи ӯ дар ҳудуди шаҳри Душанбе расонида мешавад.
Шартҳои бурдарасониро шабакаи супермаркетҳои «Пайкар» муайян менамояд. Маблағи камтарини харид тавассути замима 100 сомониро ташкил медиҳад. Фармоишҳо аз ҷониби хадамоти мизоҷони «Пайкар» дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 21:00 ва дар рӯзҳои истироҳат аз 8:00 то 17:00 қабул мешаванд. Арзиши молрасонӣ аз варианти интихобшуда вобаста аст, яъне дастраскунӣ давоми 2 соати наздик 20 сомонӣ, таъҷилӣ (на дертар аз 40 дақиқа) — 50 сомонӣ арзиш дорад.
Зимнан, корти бонусии «Пайкар» низ дар ҳолати дода шудани он ба ҳамон рақами телефон ба таври автоматӣ ба замимаи мобилӣ пайваст мегардад. Холҳои бонусӣ ҳам баъди ҳар як харид дар шабакаи савдо ба таври автоматӣ пешниҳод мешаванд. Бо худ гирифтани корти аслӣ дигар зарур нест, чунки ҳангоми рафтан ба супермаркетҳои «Пайкар» танҳо ба хазинадор нишон додани шакли электронӣ дар «МегаФон Life» кифоя аст. МегаФон Тоҷикистон низ дар доираи барномаи «Раҳмат» холҳои бонусии худро тақдим менамояд.
Бо хизматрасонии «Маҳсулот» хариди муносиб анҷом дода, якбора аз ду ширкат бонус гиред!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад






