«НАБЗИ ДУШАНБЕ». Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик нахустшумораи ин маҷалла ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик нахустшумораи маҷаллаи «Набзи Душанбе» ба чоп расид, ки таҷассумгари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Маҷалла бо забони тоҷикиву русӣ нашр шуда, хонандагон аз муҳтавои маҷалла бо пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва ободкориву зебоиҳои пойтахт огоҳ мешаванд.
Тавре дар сарсухани маҷалла таъкид мегардад, бо шарофати соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ҳамарӯза рушду нумуъ меёбад. Даҳҳо иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, симои пойтахт ба куллӣ дигаргун гаштааст, ки ин ҳама бо заҳмат ва ҷаҳду талоши Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардидаанд.
Дар маҷалла вобаста ба сохтмони роҳу пулҳои замонавӣ, иншооти барҳаво, беморхона ва мактабҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар самтҳои тараққинамудаи пойтахт мақолаву гузоришҳо бо аксу тасвирҳои гуногунрангу зебо нашр карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






