Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимии тоҷикон шинос шуданд

Март 1, 2024 15:22

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи намояндагони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни қадимии халқи тоҷик шинос шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби роҳбалади Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон доир ба давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ки дар толорҳои намоишии осорхона инъикос ёфтаанд, сайри осорхонавӣ ташкил гардид.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ намояндагони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳи миллии ниёгонамон аз наздик шинос шуда, таассуроти баланд бардоштанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 1, 2024 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд